Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нави Human Rights Watch дар бораи амалиёти амниятиҳои Сурия


Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфт, ки нирӯҳои амниятии Сурия дар ҷараёни як рейди шаҳрӣ ҳафтаи ҷорӣ зӯран 18 маҷрӯҳро аз як беморхонаи Ҳомс берун карданд. Ин созмон бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон ва табибон дар як гузориш рӯзи панҷшанбе дар ин бора иттило дод. Шаҳри Ҳомс маркази эътирозҳои зидди ҳукумати Башор Асад маҳсуб мешавад. Фаъолон мегӯянд, ки танҳо рӯзи чоршанбе дар ҷараёни рейде 20 нафар кушта шуданд. Аз рӯзҳои аввали эътирозҳо дар моҳи март то имрӯз дар Сурия беш аз 2200 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG