Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имрӯз 20-солагиашро ҷашн мегирад


Имрӯз Тоҷикистон 20-умин солгарди истиқлолияти кишварро таҷлил мекунад. Ду даҳсола пеш дар соли 1991 баъди суқути шӯравӣ Тоҷикистон, худро кишвари мустақил эълом кард ва бо гузашти як сол аз истиқлолаш ба ҷанги панҷсолаи харобиовари шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар ҷараёни он тақрибан сад ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор тани дигар бехонумон шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дирӯз дар суханронии бахшида ба истиқлол, ин ҷангро кори дасти нерӯҳои хориҷӣ ва ҳамчунин тундрави дохилӣ хонд, вале ин манзури худро мушаххас накард. Ҷанг бо мусолиҳаи гурӯҳҳои мухолиф дар соли 1997 ба поён расид. Давлати Тоҷикистон барои таҷлили истиқлол маросимҳои бошукӯҳ аз ҷумла паради низомӣ барномарезӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG