Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО таслими маҳбусонро мутаваққиф мекунад


Afghanistan - An Afghan policeman stands in front of cells in a prison in the town of Lashkar Gah in Helmand province, southern Afghanistan, 19Jul2011

Afghanistan - An Afghan policeman stands in front of cells in a prison in the town of Lashkar Gah in Helmand province, southern Afghanistan, 19Jul2011

Дар паи нашри ахбор дар бораи шиканҷа нерӯҳои байналмилалии таҳти раҳбарии паймони НАТО интиқоли маҳбусон ба як идда зиндонҳои Афғонистонро мутаваққиф кардаанд.
Сухангӯи Нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии НАТО дар Афғонистон (ISAF) Карстен Ҷакобсон тасдиқ кард, ки интиқоли маҳбусон мутаваққиф шудааст:
Мо ба ҳайси як амали эҳтиётӣ интиқоли маҳбусон ба баъзе зиндонҳоро боздоштем. Мо интизорем ва медонем, ки СММ дар ин бора гузориш хоҳад дод. Мо мехоҳем ин гузоришро таҳқиқ кунем. Ба ваҷҳи умум интиқоли маҳбусон мутаваққиф нашудааст, аммо ба баъзе зиндонҳо боздошта шуд .”
Хабаргузории Бибисӣ (ВВС) бо ишора ба гузориши СММ, ки эҳтимолан рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд, менависад, дар баъзе зиндонҳои Афғонистон маҳбусон мавриди латту кӯб, зарбаи нерӯи барқ ва таҳдиди таҷовуз ба номус қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG