Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ҳамкориҳояш бо Исроилро маҳдуд кард


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия эълом дод, ки кишвараш равобити худ дар заминаҳои тиҷорат, низомӣ ва саноати дифоъӣ бо Исроилро муттавақиф мекунад. Хабаргузории расмии “Анатолия”-и Туркия аз қавли нахуствазир навиштааст, “мо тамоми робитаҳо дар заминаҳои тиҷорӣ, низомӣ ва саноеъи дифоъиро бо Исроилро муттавақиф мекунем.” Туркия пештар аз ин сафири Исроилро аз Истанбул хориҷ кард, аз он хотир ки давлати Исроил барои юриши маргбор ба киштии ҳомили кӯмакҳои башарӣ ба Ғазза маъзарат нахост, Дар ин юриш ҳашт шаҳрванди Туркия ва як турктабори Амрико кушта шуданд. Аммо Эҳуд Барак, вазири дифоъи Исроил ҳарду тарафро ба хештандорӣ даъват кард. Созмони Милал баъди таҳқиқи ин қазия гуфт, агарчӣ муҳосираи Ғазза аз тарафи Исроил қонунӣ будааст, аммо нерӯҳои ин кишвар дар юриш ба киштӣ ки мехост, муҳосираро рахна кунад, аз нерӯи беш аз ҳад истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG