Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Эрон аз истиқрори радари НАТО дар Туркия


Аҳмад Ваҳидӣ
Аҳмад Ваҳидӣ
Эрон тасмими Туркия барои истиқрори як шабакаи радари НАТО дар қаламравашро ба боди интиқод кашид. Туркия ҳафтае пеш гуфт, ба истиқрори радаре, ки ҳимояти аъзои НАТО аз таҳдидҳои ношӣ аз хориҷи Аврупо, аз ҷумла аз Эронро ба ҳадаф дорад, розӣ шудааст. Ин шабака бояд то поёни сол фаъол шавад.
Телевизиони Эрон аз қавли вазири дифоъи кишвар Аҳмад Ваҳидӣ гуфт, Эрон «ягон навъ таҷовуз ба манофеъи миллиашро таҳаммул нахоҳад кард.» Ваҳидӣ ҳамчунин гуфта, ки Эрон «ҳузури Амрико ва Ғарбро мояи нигаронӣ ва ҳузури душманона нисбат ба кишварҳои мусалмонӣ» мешиносад.
XS
SM
MD
LG