Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Сабзаалӣ Шарифовро ба хок супурданд


Ҷанозаи Сабзаалӣ Шарифов, аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ)-ро имрӯз дар оромгоҳи кӯчаи Қаротегини Душанбе ба хок супурданд. Сабзаалӣ Шарифов рӯзи шанбе дар як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Файзобод ҳалок шуд. Дар ин сониҳа муовини раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва як масъули ҳукумати ноҳияи Файзобод ҷароҳат бардоштанд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, муовини раиси ҲНИТ гуфт, вазъи Ҳусайнӣ хуб аст.Сабзалӣ Шарифов аз аъзои собиқадори ҲНИТ ва раҳбари шӯъбаҳои ин ҳизб дар навоҳии тобеъи марказ буд.
XS
SM
MD
LG