Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоди Аврупо таҳрими 28 ширкати Либияро лағв кард


Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди 28 воҳиди иқтисодии Либияро бекор кард, ки бандарҳо, бонкҳо ва ширкатҳои нафту газ дар зумраи онҳоянд. Ин тасмим дар ростои ҳамоиши байнулмилалии Порис гирифта шуд, ки ба ҳамоҳангии пуштибониҳои сиёсӣ ва иқтисодии эҳёи Либия баъд аз барканории Муаммар Қаззофӣ ихтисос ёфтааст. Намояндагони наздик ба 60 кишвару созмони байнулмилалӣ ва аъзои аршади Шӯрои миллии гузори Либия дар анҷумане ширкат хоҳанд кард, ки раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва сарвазири Британия Дейвид Камерон муштаракан онро мизбонӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG