Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои узви ҳукумати Сурия ба нишони эътироз


Аднон Муҳаммад ал-Баккур

Аднон Муҳаммад ал-Баккур

Додситони кулли Ҳамо дар як навори видеоӣ эълон дошт, ки ба нишони эътироз аз саркӯби хунин тазоҳуроти мардумӣ аз мақомаш истеъфо додааст. Дар ин навор, ки дар шабакаи Ютюб мунташир шудааст, Аднон Муҳаммад ал-Баккур ҳамчунин хабарҳои ҳукумати Сурияро, ки гӯё вай рабуда шудааст, рад кард. Вай гуфт, барои он истеъфо додааст, ки нерӯҳои амниятӣ 72 тазоҳуркунандаи боздоштшударо дар Ҳамо ба қатл расонданд. Ин нахустин истеъфо дар ҳукумати Сурия дар панҷ моҳи саркӯби эътирозҳо дар ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG