Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи саркӯби тазоҳургарони зиддавлатӣ дар Сурия


Саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия идома дорад. Сокинони шаҳри Ҳамо мегӯянд, шаби гузашта нерӯҳои давлатӣ ба ду ноҳияи шаҳр юриш бурданд ва аз маҳалли ҳодиса садои тирандозӣ ба гӯш расидааст. Хабаргузории Ройтерс аз қавли сокинон навиштааст, нерӯҳои мусаллаҳи давлат дар даромадгоҳи шимолии шаҳр ҷамъ шудаанд. Мақомоти Сурия гуфта буданд, ки нерӯҳои артиш баъди даҳ рӯзи амалиёти саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Ҳамо аз ин шаҳр хориҷ шудаанд. Шаҳри Ҳамо дар 200 километрии шимоли шаҳри Димишқ воқеъ шудааст ва соли 1982 дар аҳди падари раиси ҷумҳур Башшор Ассад зимни фӯру нишондани ошӯбе артиши Сурия даҳҳо ҳазор нафарро дар он шаҳр кушт.
XS
SM
MD
LG