Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Айрин" миллионҳо нафарро аз нерӯи барқ маҳрум сохт


Дар соҳилҳои шарқии ИМА бар асари харобкориҳои тӯфони “Айрин” панҷ миллион манзил аз нерӯи барқ маҳрум гардид. Бар пояи иттилоъи расмӣ, дар ин офати табиӣ 11 сокини аёлатҳои Каролинаи шимолӣ ва Вирҷиния ҷон бохтаанд. Дар аёлати Мэриленд реактори ҳастаӣ осеб дид ва аммо хатари хурӯҷи радиатсия мавҷуд нест.

Мири Ню-Йорк Майкл Блумберг изҳор намуд, ки хатари ҷиддӣ барои шаҳр рафъ шудааст. Мақомот тақрибан 350 ҳазор нафарро ба ҷойҳои амн интиқол доданд. То ҳанӯз дар Ню-Йорк фурудгоҳҳо кор намекунанд ва баъзе хиёбонҳои канори соҳил зери об мондаанд.

Нерӯи тӯфони “Айрин” заъйиф шудааст ва он сӯи Канада ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG