Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Урунбой Усмонов маҷрои дигар мегирад


Вакилони мудофеи Урунбой Усмонов-хабарнигори Би Би Си дар Хуҷанд дар рӯзи чаҳорӯми мурофиҳи додгоҳӣ таъкид карданд, ки ҳеҷ як аз иттиҳомоти ворида ба Усмонов таъйид нашудааст. Баръакс яке аз кормандони кумитаи амният дар вилояти Суғд эътироф кардааст, ки ҳангоми боздошти Усмонов кормандони онҳо ба иштибоҳ роҳ додаанд. Файзиниссо Воҳидова-вакили мудофеи Усмонов гуфт:

“Гузаронидани амалиёти тафтишотӣ танҳо ба зимаи муфаттиш гузошта шудааст ва тартиб додани протоколи кофтуковро низ танҳо муфаттиш мегузаронад. Мо имрӯз муқаррар кардем, ки ин корро ваколатдори фаврӣ тартиб додааст, ки тибқи қонун вай гузаронидани ин амалиёти тафтишотиро надошт”.

Хонуми Урунбой Усмонов низ дар додгоҳ шаҳодат дод, ки дар сару сурати шавҳараш осори шиканҷаро мушоҳида кардааст.
XS
SM
MD
LG