Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи фаврии ШҲБ СММ роҷеъ ба Сурия


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева ҷаласаи фаврии худро роҷеъ ба Сурия оғоз кард. Ин ҷаласа бо ташаббуси 24 кишвари узв, аз ҷумла Урдуну Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Қатар пешнависи қатънома роҷеъ ба расидагии комил ба нақзи ҳуқуқи башар дар Сурияро баррасӣ мекунад. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ дар Сурия нируҳои режими Башор Асад тақрибан 2 000 нафарро ба қатл расондаанд. Ҷаласаи Женев вуруди як ҳайати башарӣ ба Димишқро пайгирӣ мекунад. Як рӯзи пеш Башор Асад дар паёме ба мардуми худ бар зидди мудохилаи хориҷӣ ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG