Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳукми боздошти Тимошенко


Додгоҳи Украина рӯзи 5 август бо далели нақзи қоидаҳои рафтор дар ҷараёни мурофиа ҳукми ҳабси сарвазири пешин Юля Тимошенкоро содир кард. Муҳокимаи парвандаи Тимошенко дар робита ба қарордодҳои газе, ки ӯ соли 2009 бо Русия имзо карда буд, ҳанӯз идома дорад. Тафтишот мегӯяд, ин қарордодҳо ба будҷаи Украина 190 миллион доллар хисорот овардааст. Дар сурати собит шудани ин иттиҳом хонум Тимошенкометавонад то 10 сол маҳкум ба зиндон шуда, аз ҳаққи ширкат дар интихоботи соли ояндаи парлумони Украина низ маҳрум шавад. Тимошенко аз раҳбарони инқилоби норанҷии соли 2004 буда, интихоботисоли гузаштаи раёсатҷумҳуриро ба Виктор Янукович бохт. Тимошенко мегӯяд, парвандааш натиҷаи интиқоми Янукович барои фаъолиятҳои сиёсии ӯст.
XS
SM
MD
LG