Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбинии тарсноки як таҳлилгари низомии рус


Павел Фелгенгауер, таҳлилгари низомии рус мегӯяд, Озарбойҷону Арманистон омодаанд, барои Кӯҳистони Қаробоғ, як минтақаи арманишини ҷудоихоҳи Озарбойҷон бо ҳам биҷанганд. Ӯ дар мусоҳибае ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ҳарду тараф худро барои як ҷанги эҳтимолӣ бар сари ин минтақа омода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Амрикову Фаронсаву Русия, ки барои ҳалли муноқишаи Қаробоғ миёнҷигарӣ мекунанд, ин вазъро медонанд ва мекӯшанд, то аз ҷанг миёни ду кишвар ҷилавгирӣ шавад. Павел Фелгенгауер мегӯяд, бо вуҷуди музокиротҳои тозаи Озарбойҷону Арманистон, пешрафти чандонеро дар роҳи ҳалли муноқишаи Қаробоғ намебинад. Озарбойҷону Арманистон баъди суқути шӯравӣ дар солҳои 90 барои Кӯҳистони Қаробоғ бо ҳам ҷангидаанд ва ин минтақа худро аз Озарбойҷон ҷудо медонад ва ҳоло бештар аз назари сиёсиву иқтисодӣ ба Арманистон пойбанд аст.
XS
SM
MD
LG