Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик чанд ҳадафи дигарро низ дар сар доштааст


Андерс Беринг Брейвик, нафари муттаҳам ба қатли 77 нафар дар ҳамлаҳои рӯзи 22 июл дар Норвегия, ба пулис гуфтааст, ки рӯи ҳадафҳои дигар барои ҳамла низ меандешид. Аммо муфаттиш аз таъйиди ин хабари матбуоти норвегӣ, ки оё ин аҳдоф қасри подшоҳии Норвегия ва қароргоҳи ҳизби ҳокими коргарӣ дар Ослоро низ дар бар мегирифт ё не, худдорӣ кард.
Пулис Брейвикро рӯзи ҷумъа 10 соат бозпурсӣ кардааст. Брейвик масъулияти қатли 69 нафар дар урдугоҳи ҷиноҳи ҷавонони ҳизби ҳоким дар ҷазираи Утоея ва ҳам таркиши ҳамон рӯз дар Ослоро, ки 8 кушта ба ҷо гузошт, ба дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG