Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири шаҳри Қандаҳор террор шуд


Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ
Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ
Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки имрӯз дар инфиҷоре дар шаҳри Қандаҳор Ғулом Ҳайдар Ҳамидӣ-мири шаҳр кушта шудааст. Як бамгузори интиҳорӣ худро дар назди бинои шаҳрдорӣ мунфаҷир сохтааст. Зоҳиран вай бамро дар саллаи худ пинҳон карда будааст. Ҳамидӣ дар ҳоле кушта шудааст, ки ду ҳафта пеш дар шаҳри Қандаҳор Аҳмад Валӣ Карзай-бародари президент Ҳомид Қарзай дар суиқасде ба қатл расид. Аҳмад Валӣ Карзай аз нирумандтарин шахсиятҳо дар ҷануби Афғонистон ба шумор мерафт. Баъд аз як ҳафтаи он Ҷон Муҳаммадхон-сармушовири раиси ҷумҳур дар Кобул дар хонааш дар суиқасде кушта шуд.
XS
SM
MD
LG