Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Баҳси баҳри Чини Ҷанубӣ аз контрол хориҷ мешавад


IСуханронии Ҳилларӣ Клинтон дар Индонезия
IСуханронии Ҳилларӣ Клинтон дар Индонезия
Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико имрӯз ҳушдор дод, ки баҳсҳои рӯзафзун бар сари баҳри Чини Ҷанубӣ аз “контрол хориҷ” мешавад.” Ин минтақа дорои сарвати ғанист. Хонум Клинтон дар Балӣ-пойтахти Индонезия қарор дорад ва дар бузургтарин конфронси амниятии минтақа ширкат меварзад. Вай бо ишора ба ташдиди вазъ дар обҳои баҳри Чини Ҷанубӣ аз ширкаткунандагони конфронс хост, ки қатъномае ба тасвиб расонанд. Дар ин авохир киштиҳои кишварҳои рақиб дар обҳои ин баҳр дар рӯёрӯӣ қарор гирифта буданд. Чин иддао мекунад, ки ҳамаи қаламрави ин баҳр моли вай аст, дар ҳоле, ки Бруней, Малайзия, Ветнам ва Филиппину Тайван даъво мекунанд, ки онҳо низ қисман соҳиби ин баҳр мебошанд.
XS
SM
MD
LG