Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия: Зарурати боло бурдани дараҷаи хатар вуҷуд надорад


Норвегия гуфт, дараҷаи хатар ба амнияти миллиро боло нахоҳад бурд. Дар ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъа дар ин кишвар 91 нафар кушта шуданд ва чунин ба назар мерасад, ки он кори дасти як нафар будааст ва он ҳам одаме, ки ақлашро аз даст додааст. Кнут Сторбергет-вазири адлияи ин кишвар имрӯз гуфт, “то ин лаҳзаҳо зарурати боло бурдани дараҷаи хатар ба амнияти миллӣ вуҷуд надорад”. Бино ба маълумоти полис, дар тирандозии як марди мусаллаҳ дар урдугоҳи ҷавонон, ки дар ҷазираи Утоя ба Ҳизби ҳокими коргар тааллуқ дорад, 84 нафар кушта шудаанд. Ин тирандозӣ баъд аз он рух дод, ки дар маркази шаҳри Осло-пойтахти Норвегия инфиҷори бузурге 7 кушта ва харобиҳои зиёд бар ҷой гузошт. Дар робита бо ин ду амали террористӣ як марди 32 солаи норвегӣ боздошт шудааст. Шабакаи дуввуми телевизиони Норвегия гуфт, ки ин мард бо тундравҳои дасти ростӣ иртибот доштааст.
XS
SM
MD
LG