Пайвандҳои дастрасӣ

ММД Тоҷикистон 11 миллиард сомонӣ шудааст


Тайи нимаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 5,2 дарсад афзуда, 11 миллиарду 158 миллион сомонӣ (2,3 миллиард доллар) шудааст. Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, нақлиёту арзаи хадамот дар таркиби ин нишондиҳанда ҳаркадом 17-дарсадӣ, молиёт – 15 фоиз ва саноут кишоварзӣ ҳаркадом 13-дарсадӣ саҳм доштаанд.Боқии маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби риштаҳое, чун сохтмону суғурта, маориф ва ҳифзи сиҳҳат ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG