Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои дипломатии Австрияву Литва


Имрӯз баъди аз ҷониби мақомоти Австрия озод шудани собиқ афсари КГБ, ки дар кушторҳои ҷамъии соли 1991-уми Вилнюс даст дорад, миёни Литваву Австрия як моҷарои дипломатӣ бархост. Михаил Головатов рӯзи панҷшанбе дар фурудгоҳи Вена боздошт ва баъди 24 соат озод ва иҷозат гирифт шуд, ки ба Маскав парвоз кунад. Муовини вазири умури хориҷаи Литва Аста Скайсгирите сафири Австрияро фаро хонда ба ӯ номаи эътирози кишварашро таслим кард. Дар изҳороти вазорати адлияи Австрия шарҳ дода шудааст, ки бо сабаби нокофӣ будани тавзеҳи марбут ба иттиҳомоти Головатов ӯро раҳо кардааст. Головатов яке аз он сарбозони шӯравӣ буд, ки дар ҳуҷуми телевизиони Вилнюс ширкат карда, боис ба кушта шудани 14 нафар ва ҷароҳати садҳо тани дигар шудааст.
XS
SM
MD
LG