Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо Оливие Декамп, раиси бахши Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар умури Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилоъи сомонаи интернетии president.tj, дар ин мулоқот масоили ҳамкории феълӣ ва роҳҳои густариши пуштибонӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

«Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи мувофиқаҳое, ки миёни сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои Иттиҳодияи Аврупо зимни сафарҳои расмии ў ба шаҳрҳои Страсбург, Люксембург ва Брюсел, аз ҷумла дар Шўрои Аврупо, Парлумони Иттиҳодияи Аврупо, Комиссияи Аврупо ва дигар сохторҳо ба даст омадаанд, зоҳир карда шуд», омадааст дар иттилоъи расмӣ.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Оливие Декамп гуфта шуд, ки бо кӯмаки Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар Тоҷикистон 44 тарҳ ба маблағи беш аз 100 миллион доллар татбиқ мешавад ва таҳияи аснод барои татбиқи 10 тарҳи дигар ба маблағи 70 миллион евро идома дорад. Ин тарҳҳо барои рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон ва тақвияти бахши хусусӣ равона шудаанд.

Оливие Декамп гуфт, ки агар соли гузашта Бонки аврупоии бозсохт ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо карда бошад, пас имсол ин маблағ то ба 50 миллион хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG