Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли муовини фармондеҳи ОМОН дар Доғистон


Муовини фармондеҳи ОМОН дар ҷумҳурии Доғистони Русия имрӯз дар Махачқалъа, пойтахти ин ҷумҳурӣ, дар натиҷаи сӯъиқасд кушта шуд. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, Шомил Муртазоалиев замоне ҳадафи ҳамлаи ду марди мусаллаҳ қарор гирифт, ки мехост ба мошини худ бинишинад. Имрӯз дар як даргирӣ бо ҳудуди 10 чирикӣ дар ноҳияи Веденои Чеченистони ҳамсоя як афсари пулис кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG