Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Русия ба ҳалли қадам ба қадами баҳси Эрон


Русия гуфт, барои рафъи шубаҳоти байналмилалӣ дар мавриди барномаҳои ҳастаии Эрон бояд қадам ба қадам иқдом кард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Вошингтон дар пайи мулоқот бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон гуфт: “Мо пешниҳод мекунем, ки дар қиболи ҳар тақозои Созмони ҳастаӣ ва ончи ки Эрон бояд иҷро кунад, як харитаи роҳ таҳия шавад. Ва муҳим аст, ки дар посух ба ҳар иқдоми мушаххаси Эрон гомҳои ҷавобие, чун тавқиф ва ба дунбол коҳиши таҳримот, гирифта шавад.”
Клинтон ин пешниҳоди Лавровро мушаххасан ташреҳ накард, вале гуфт, Вошингтон ҳамчунон ба “усули дугонаи фишору таомул” дар қиболи Эрон пойбанд боқӣ мемонад. Теҳрон гуфтааст, ки барои шурӯъи дигарбораи музокирот бо 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон омода ҳаст, вале ба шарти эътироф шудани ҳаққи Эрон ба ғанисозии уран, ки як мояи аслии нигарониҳои байналмилалист.
XS
SM
MD
LG