Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия барои қурбониён рӯзи мотам эълон шудааст


Барои гиромидошти хотираи қурбониёни киштии мусофирбарӣ дар рӯдхонаи Волга имрӯз дар Русия рӯзи мотам эълон шудааст. Дар давоми се даҳсолаи ахир дар рӯдхонаҳои Русия чунин фоҷеа рух надода буд. 10 июл киштии мусофирбар дар лаҳзаҳои туфонӣ дар оби рӯдхонаи Волга дар наздикии деҳае дар Тотористон ғарқ шуд. 80 мусофирро наҷот доданд. Дар киштӣ 200 нафар нишаста будаанд, ки тақрибан 60 нафари онҳо кӯдакон ташкил медоданд. Медведев гуфт, агар муқаррароти амниятӣ риоят мешуд, ин киштӣ ба фоҷеа дучор намешуд.
XS
SM
MD
LG