Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Судони Ҷанубиро ба расмият шинохт


Таҷлили истиқлолияти Судони Ҷанубӣ
Таҷлили истиқлолияти Судони Ҷанубӣ
ИМА истиқлолияти Судони Ҷанубӣ - давлати нав дар харитаи ҷуғрофиву сиёсии ҷаҳонро ба расмият шинохт. Президент Барак Обама дар изҳороте аз Вашингтон таъсиси давлати нави Судони Ҷанубиро ба мардумаш табрик гуфт. Ахиран дар пойтахт шаҳри Ҷубо таҷлили ин давлати нави соҳибистиқлол ҷараён гирифт. Дар миёни даҳҳо меҳмонҳои баландпояи ин маросим дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ва президенти Судон Умар Ал-Башир низ буданд, ки зимнан, ҳукуматаш дар Хартум аввалин шуда истиқлолияти Судони Шимолиро ба расмият шинохт. Инчунин рӯзи шанбе Иттиҳодияи Авурупо, Бритониё, Канада, Туркия дар миёни бисёр кишварҳое буданд, ки истиқлолияти Судони Ҷанубиро ба расмият шинохтанд. Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ давлати ҷавонтарини ҷаҳон шуд, ки баъди баргузории ҳамапурсии моҳи январ ба истиқлоли худ даст ёфт. Ин ҳосили аслии созишномаи сулҳи соли 2005 аст, ки ба ҷангҳои тӯлонимуддат хотима гузошт.
XS
SM
MD
LG