Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судони ҷанубӣ – давлати тозабунёд дар харитаи ҷуғрофиву сиёсии ҷаҳон


Парчами миллии Судони Ҷанубӣ
Парчами миллии Судони Ҷанубӣ
Ҳазорҳо сокини Судони Ҷанубӣ аз шаб то субҳ бо рақсу хурсандӣ рӯзи истиқлолияти худро таҷлил карданд. Ҷумҳурии Судони Ҷанубӣ давлати ҷавонтарини ҷаҳон шуд, ки баъди баргузории ҳамапурсии моҳи январ ба истиқлоли худ даст ёфт. Ин ҳосили аслии созишномаи сулҳи соли 2005 аст, ки ба ҷангҳои тӯлонимуддат хотима гузошт.

Ҳукумати Судони Шимолӣ дар Хартум рӯзи ҷумъа нахустин давлате буд, ки истиқлолияти ҳамсояро ба расмият шинохт, ҳарчанд ин чиз замонати амнияти давомдори сиёсиву низомии байни кишварҳоро намедиҳад.

Ба назари таҳлилгарон, ҳамоно хатари бурузи ноамниҳои қавмӣ бар сари захираҳои нафт вуҷуд дорад. Дар маросими таҷлили рӯзи тавлиди кишвари нав дар пойтахти Судони Ҷанубӣ шаҳри Ҷубо дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG