Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон вакили саршиносро ба 9 соли зиндон маҳкум кард


Додгоҳи Теҳрон вакили саршиносро бо иттиҳоми талоши сарнагунии низоми исломии ин кишвар ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Муҳаммад Алии Додхоҳ ҳамчунин аз шуғли ҳуқуқшииносӣ ва муҳаққиқӣ ба муддати 10 маҳрум гашт. Илова ба ин вакил бояд барои мавҷгири моҳвораии манзилаш 3000 доллар ҷарима месупорад. Додхоҳ, ки якҷо бо барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, Ширин Ибодӣ муасссиси Маркази ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Эрон аст, гуфтааст, аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳад кард. Вай аз ҳаққи айбдоршавандагони тазоҳуроти пасоинтихоботии Эрон намояндагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG