Пайвандҳои дастрасӣ

Лаҳистон шаш моҳ дар Иттиҳодияи Аврупо раёсат мекунад


Шурӯъ аз имрӯз Лаҳистон раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш хоҳад дошт.

Ба ин муносибат дар Варшава нишасти мутантан баргузор мешавад.

Лаҳистон яке аз бузургтарин кишварҳои собиқ сотсиалистии узви Иттиҳодияи Аврупост.

Мақомоти кишвар мегӯянд, ки тайи шаш моҳи раёсати даврӣ онҳо ба масоили мусоидат ба таҳкими қаламрави ягонаи бозаргонӣ ва эҳёи эътимод ба сохторҳои Иттиҳодияи Аврупо бартарӣ хоҳанд дод.

Лаҳистон ҳамчунин ҷонибдори вуруди кишварҳои қисмати ғарбии нимҷазираи Балкан ба Иттиҳодияи Аврупост.
XS
SM
MD
LG