Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳамоиши байнулмилалии зидди терроризм дар Теҳрон


Ширкаткунандагони Конфаронси байнулмиллалии мубориза бо терроризм дар Теҳрон, пойтахти Эрон, талош доранд, таърифи нави терроризмро дар миён гузоранд. Дар ин нишаст раисиҷумҳурони Тоҷикистон, Афғонистон, Судон ва ноиб-президентҳо ва сарвазирони Ироқ, Покистон ва чанд кишвари дигар ширкат доранд. Ҳомид Карзай, раисиҷмуҳури Афғонистон дар ин ҳамоиш гуфт, кишварҳои мусулмон бояд дар мубориза бо терроризм талошҳои бештаре кунанд.

“Дар ҳоле ки бештарин қурбониёни терроризмро аз Афғонистон, Покистон, Ироқ ва кишварҳои дигари исломӣ ва ҷойҳои дигар мусулмонон ташкил медиҳанд, ифротгарон бо суистифода аз номи дини муқаддаси мо талош мекунанд, то куштор ва қатли бегуноҳонро тавҷеҳ кунанд.”

Дар рӯзи аввали ҳамоиш раисиҷмуҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо терроризм номуассир ва бебарнома номид.
XS
SM
MD
LG