Пайвандҳои дастрасӣ

Артикл 19: "Қонуни матбуоти Тоҷикистон мукаммал нест"


Созмони мӯътабари ҳомии матбуот Артикл 19 мегӯяд, тарҳи ислоҳшудаи Қонун дар бораи васоити ахбори умум дар Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ нест ва бояд бозбинӣ шавад. Артикл 19, бо нашри баёнияе гуфтааст, аз талоши давлати Тоҷикистон барои ислоҳи ин қонун истиқбол мекунад, вале аз айни замон аз он мехоҳад, то бандҳои мухолиф ба меъёрҳои байналмилалии озодии баён дар ин тарҳро ислоҳ кунад. Аз ҷумла муваззаф кардани расонаҳо барои сабти ном дар ниҳодҳои маъмурӣ, маҳдудиятҳо дар озодии матбуот, бандҳои заъифи ҳимоят аз манобеъи хабарнигорон, ҳаққи маҳдуд барои дастрасӣ ба иттилоъот ва ҳам банди “маъсулиятҳои хабарнигорон”-ро Артикл 19 аз бандҳои ноқиси тарҳи Қонуни нав дар бораи васоити ахбори умум дар Тоҷикистон хондааст. Тарҳи мазкур, қонунеро иваз хоҳад кард, ки соли 1990 таҳия ва қабул шудааст.
XS
SM
MD
LG