Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Кишвари ноком”, унвоне, ки бешак ҳукуматҳоро нороҳату асабонӣ ва пеши мардумони худ сарафканда мекунад.

Вале 7 сол ба ин сӯ, ин унвон ба даҳҳо кишвари дунё насиб мешавад.

“Бунёди Сулҳ” қароргоҳаш дар Амрико ҳамроҳ бо маҷаллаи мӯътабари “Сиёсати хориҷӣ” 7 сол аст, шохиси кишварҳои нокоми ҷаҳонро нашр мекунад ва бо назардошти 12 нишондиҳандаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳам бо назардошти шеваҳои мудирият ва дастовардҳои ҳукуматҳо.

МЕЪЁР ЧИСТ?

Рушди номуназзам, шикоятҳои густарда ва ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи нишондиҳандаҳоест, ки бо истифода аз он муаллифони шохис ба вазъи кишварҳо баҳо медиҳанд ва онҳоро гурӯҳбандӣ мекунанд. Тоҷикистон 7 сол аст, дар радифи кишварҳоест, ки унвони ғамгинкунандаи кишвари нокомро соҳиб мешавад, вале имсол мақомашро дар миёни 177 кишвар андаке беҳтар кардааст.

Ҷей Ҷей Меснер, сухангӯи Бунёди Сулҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар маҷмӯъ нишондодҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Қирғизистон дар соли 2010 беҳтар шудааст: “Дар маҷмӯъ тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондодҳои худро дар соли гузашта каме беҳтар кардаанд, ба истиснои Қирғизистон, ки нишондодҳояш бадтар шуд. Мо бо назардошти инқилоб дар аввали соли 2010, тағйири ҳукумат, хушунатҳои марбут ба он ва бесуботии намоёни мудавоми ҳукумат баҳо ба вазъи Қирғизистонро поёнтар бурдем. Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки дар воқеъ дар шохиси имсола баҳои поёнтар назар ба соли 2010-ро гирифт. “

ОСИЁИ МИЁНА ДАР ГУЗОРИШИ БУНЁДИ СУЛҲ

Қирғизистон дар шохиси кишварҳои нокоми ҷаҳон дар зинаи 31-ум қарор дорад. Қазоқистон нишондиҳандаҳои беҳтар дорад ва дар мақоми 107 ва дур аз кишварҳоест, ки вазъи бад доранд. Туркманистон дар мақоми 75-ум ҷойгир шудааст ва вазъи он назар ба соли 2010 беҳтар хонда мешавад.

Вазъи Узбакистон бадтар ва фишорҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ дар он кишвар бештар аст, ки муаллифони шохис он кишварро аз зинаи 36 то ба зинаи 40 бурдаанд ва ҳанӯз ҳам дар радифи нокомтарин кишварҳо қарор додаанд, ки вазъи иқтисодии хуб надоранд ва беҳуқуқию беқонунӣ дар онҳо фаровон аст. Тоҷикистон агарчӣ як зина болотар аз Ӯзбакистон аст, вале баҳои шабеҳ гирифтааст.

"ТАМОЮЛИ БЕҲБУДӢ МУШОҲИДА МЕШАВАД"

Ҷей Ҷей Меснер дар ин бора мегӯяд: “Ончӣ, ки ба Тоҷикистон иртибот мегирад, ин аст, ки мо дар миёни солҳои 2010 то соли 2011 дар кишвар тағйири зиёдеро надидем. Аммо дар маҷмӯъ сар аз соли 2007, мо тамоюли беҳбуди вазъ дар кишварро мушоҳида кардем ва Тоҷикистон дар миёни 177 кишвари дунё дар мақоми 39 қарор дорад. Мо соли 2010 аз назари коҳиши фишори демографӣ, теъдоди паноҳҷӯён ва беҳтар шудани авзоъи иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва андак беҳтар шудани хадамоти иҷтимоӣ баҳои Тоҷикистонро беҳтар кардем.”

Ҷей Ҷей Меснер, намояндаи Бунёди Сулҳ гуфт, таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон, аз ҷумла нооромиҳо дар шарқи кишвар, марги даҳҳо сарбоз ва маъмурони амниятӣ дар ҷанг алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳам парвози ҷонкоҳи нархҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон ба эътибор гирифта шудааст: “Мо шоҳиди андаке бадтар шудани нишондодҳои норизоиятии гурӯҳӣ шудем, ки заминаҳои он аслан хушунат ва танишҳои гурӯҳӣ аст. Мо ҳамчунин шоҳиди бадтар шудани нишондодҳо дар заминаи дахолати хориҷӣ шудем, ки ба кӯмакҳои хориҷӣ иртибот мегирад. Нишондиҳандаҳои фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ ва иртиботи байниҳамдигарии онҳо низ бадтар шуд ва ҳам гурӯҳӣ шудани раҳбарият, ки кишварро идора мекунад.”

КИШВАРЕ, КИ АЗ ҚИЁМҲОИ МАРДУМӢ ЭМИН НЕСТ

Чанде пеш Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ низ Тоҷикистонро кишвари осебпазире номид, ки ба гуфтаи созмон аз қиёмҳои мардумӣ, ки Ховари Миёна шоҳид шуд, эмин нест.

Дар ин гузориш гуфтаанд, давлат дар таъмини мардум бо хадамоти аввалия оҷизтар мешавад, фасод ба ҳадди нафасгиркунанда боқӣ мемонад ва амалиётҳои номуввафақи чанде пеш алайҳи тундравон нишон дод, ки ҳукумат ҳатто дар рафъи як хатари амниятии хурд мушкилӣ мекашад.

Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба ин гуна гузориши созмонҳои хориҷӣ дар гузашта гуфтаанд, ки арзёбиҳои онҳо ғаразмандона буда ва воқеияти кишварро нишон намедиҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG