Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори Би-Би-Си дар Суғд


Мақомоти интизомии вилояти Суғд хабарнигори бахши узбакии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмоновро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошт дар ҷомеъаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Душанбе Шарифҷон Ёқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир шуд, ки гуфта мешавад амири ҳизб дар Тоҷикистон аст ва бо Ато Абу ар-Рушта раҳбари кулли «Ҳизб-ут-таҳрир», робитаи мустақим дорад.

Фаъолияти «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ мамнӯъ эълон шудааст. Се сол пеш Додгоҳи олӣ ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои тундгарову террористӣ ворид карда буд.
XS
SM
MD
LG