Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мухлисони "Равшан" ба пирӯзии "Истиқлол"


Акс аз як бозии қаблии "Равшан"
Акс аз як бозии қаблии "Равшан"
Дирӯз дар варзишгоҳи Кӯлоб дар поёни бозии тими маҳаллии “Равшан” бо “Истиқлол” аз Душанбе мухлисон ба нишони эътироз ба натиҷаи бозӣ, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт, ба довар ва милисаҳо дарафтоданд. Баъди анҷоми бозӣ издиҳоми норозӣ ба автобусу мошинҳои марбут ба тими “Истиқлол” ва як мошини сӯхторнишон ҳамла карда,шишаҳои ин мошинҳоро шикастанд.
“Истиқлол”, ки муассисаш Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, баъди ин пирӯзӣ “Равшан”-ро аз мақоми аввал дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишвар танг кард. Бозии қаблии ин ду тим дар Душанбе, ки рӯзи 3 май гузашт, низ бо кашокаши мухлисони “Равшан” анҷом шуда буд.
XS
SM
MD
LG