Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни асосӣ аризаи Ҷӯраевро радд кардааст


Солеҳҷон Ҷӯраев
Солеҳҷон Ҷӯраев
Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз баррасии дархости вакили мудофеъи шинохта Солеҳҷон Ҷӯраев даст кашид. Котиби додгоҳ Карим Каримов ба “Азия Плюс” гуфтааст, Додгоҳи Қонуни асосӣ баррасии аризаи Ҷӯраевро хориҷ аз салоҳияти худ дарёфтааст.
Солеҳҷон Ҷӯраев ҳанӯз дар таърихи 27 апрел ба Додгоҳи Қонуни асосӣ шикоят оварда буд, ки ӯро дар соли 1992 аз мақоми кафили додситони кулли Тоҷикистон ғайриқонунӣ маъзул кардаанд. Ӯ мегуфт, ки бо ин роҳ мехоҳад номи худро сафед кунад.
XS
SM
MD
LG