Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай аз Покистон хост, "хоки тундравонро бибезад"


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз аз давлати Покистон хост, паноҳгоҳҳои тундавонро дар ин кишвар нобуд кунад. Ҳомиди Карзай дар рӯзи дуввуми сафараш ба Исломобод бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон мулоқот кард ва ҳарду дар нахустин нишасти кумиссиёни муштараки оштӣ ва сулҳ ҳузур доштанд. Қарор шуд, нишасти дуввуми кумиссиён моҳи октябр баргузор шавад ва намояндаҳои зеркумитаи он ҳар 20 мулоқот кунанд. Толибон 10 сол боз аст, алайҳи ҳукумати Афғонистон меҷанганд ва тайи ду се соли ахир дар шимолуғарби Покистон ҳам фаъол шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG