Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори интиқоли қудрат дар Яман шуд


Баъд аз сафари Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман ба Арабистони Саудӣ барои муолиҷа Кохи Сафед дархост кард, ки дар Яман “ ба таври фаврӣ ҳукумат интиқол дода шавад”. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ рӯзи ҷумъа дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Санъо-пойтахти Яман ҳангоми ҳамлаи мушакӣ ҷароҳат бардошт. Вай баъд аз 33 соли ҳокимият чанд ҳафта ба тазоҳуроти эътирозии мухолифонаш рӯ ба рӯ буд ва онҳо истеъфои вайро тақозо мекунанд. Ин тазоҳурот вазъро вахим ва ба муноқишаи мусаллаҳона мунҷар шудааст. Ҷей Карней-сухангӯи Кохи Сафеди Амрико ба хабарнигорон гуфт, “интиқоли нарми қудрат бар манофеи мардум хоҳад буд”.
XS
SM
MD
LG