Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти мухолифин аз таҳвили қудрат ба ноиби Солеҳ


Обид Раббо Мансур Ҳодӣ

Обид Раббо Мансур Ҳодӣ

Эътилофи мухолифини Яман гуфт, аз таҳвили қудрат ба ноиби раиси ин ҷумҳурӣ Обид Раббо Мансур Ҳодӣ ҳимоят мекунад. Ҳодӣдар пайи ба хотири ҷарроҳӣ ба Арабистони Саудӣ рафтани раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ муваққатан зимоми давлати Яманро ба даст гирифтааст. Солеҳ рӯзи ҷумъа бар асари як ҳамлаи мушакӣ тир хӯрд. Эътирозҳо дар Яман бо талаби истеъфои Солеҳ, ки 32 сол дар сари қудрат аст, чанд моҳ боз идома дорад ва хабари ба хориҷ рафтани ӯ ба истиқболи гарме аз сӯи эътирозгарон рӯбарӯ шуд.Имрӯз, бино ба хабарҳо, боз 3 чирикии қабоил ва 3 сарбози артиши Яман кушта шуданд, вале қарордоди оташбас байни нирӯҳои Солеҳ ва чирикиҳо ба сурати умум муроот мешавад.
XS
SM
MD
LG