Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди худкушии ду эътирозгар дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон дар пайи талоши пулис барои боздошти коргарони эътирозкардаи ширкати нафти «Қаражанбасмунай» ду тан аз эътирозгарон шиками худро буридаанд. Ҳардуро ба бемористон бурдаанд. Коргарони ин ширкат, ки як моҳ боз бо талаби маоши бештар ва лағви мавонеъ дар роҳи фаъолияти иттифоқҳои касаба корпартоӣ доранд, дирӯз дар шаҳри Оқтау дар ғарби Қазоқистон ташкили раҳпаймоӣ карданд. Аммо ба гуфтаи яке аз онҳо, пулис ин раҳпаймоиро пароканда карда, дастикам 37 нафарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG