Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср гузаргоҳи марзӣ бо Навори Ғаззаро боз кард


Давлати Ҳуснӣ Муборак гузаргоҳи Рафоҳро гоҳ-гоҳе ба рӯи мардуми Ғазза боз мекард.
Давлати Ҳуснӣ Муборак гузаргоҳи Рафоҳро гоҳ-гоҳе ба рӯи мардуми Ғазза боз мекард.
Давлати Миср имрӯз гузаргоҳи марзӣ бо Навори Ғаззаро дубора боз кард ва бо гузашти чаҳор сол ба ҳаракати озодонаи мардум аз тариқи ин гузаргоҳ иҷоза дод. Ба гуфтаи мақомоти Миср, гузаргоҳи Рафаҳ, аз имрӯз ба баъд ба истиснои рӯзҳои таътил, аз субҳ то шом барои ҳашт соат боз мемонад, ки ягона роҳи мардуми Ғазза ба ҷаҳони беруна аст. Рафаҳ ягона гузаргоҳест, қаламрави Исроилро убур намекунад. Гузаргоҳи мазкурро Миср баъди ишғоли Навори Ғазза аз тарафи Ҳамос баст ва Ҳуснӣ Муборак раиси ҷумҳури собиқи Миср онро гоҳ-гоҳе барои интиқоли маводи ғизоӣ ва доруворӣ ба Ғазза боз мекард. Ҳоло ҳокимони нави Миср мегӯянд, ба хотири коҳиши сахтиҳои мардуми ин минтақа гузаргоҳро ба таври доимӣ боз мемонанд.
XS
SM
MD
LG