Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ба истирдоди Младич иҷозат дод


Serbia -- A combo phot shows Radko Mladic in Pale dated May 7, 1993 and in Belgrade after he was arrested on May 26, 2011

Serbia -- A combo phot shows Radko Mladic in Pale dated May 7, 1993 and in Belgrade after he was arrested on May 26, 2011

Рӯзи ҷумъа додгоҳи Белград ҳукм баровард, ки истирдоди Ратко Младич ба додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ воқеъ дар шаҳри Ҳайг имконпазир аст. Ин додгоҳи СММ Младичро бо қатли ом, табаҳкориҳои ҳарбӣ ва ҷиноят бар зидди инсоният муттаҳам мекунад.
Вакили мудофиаи Младич Милош Салйич иброз дошт, ки рӯзи душанбе бознигарии ҳукми додгоҳро талаб мекунад:
Додгустар додситонҳо, фарди муттаҳам ва маро аз он огаҳ намуд, ки ба ақидаи табибон Младич метавонад дар муҳокимааш иштирок кунад. Ман фикр мекунам, ки ӯ чунин қудратро надорад, зеро дар ҷараёни муҳокима аз чеҳраи ӯ нишонаҳои баръакс зуҳур менамуданд.”
Писари Ратко Младич мегӯяд, падараш дар тӯли солҳои гурез аз ҷавобгарӣ ду сактаро пушти сар намудааст. Ӯ меафзояд, ки як дасти Ратко Младич ба душворӣ ҳаракат мекунаду падараш ба душворӣ ҳарф мезанад. Рӯзи ҷумъа дар зиндони Белград Дарко Младич бо падараш вохӯрд. Ратко Младич баъди 16 соли фирор рӯзи панҷшанбе дар яке аз деҳаҳои шимоли Белград ба ҳабс гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG