Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дарёфти унсурҳо ва фановарии мушакиро рад кард


Эрон гузоришҳоро дар ин бора, ки аз Кореяи Шимолӣ бо нақзи таҳримоти СММ таҷҳизот ва унсурҳои мушаки болдорро ба даст овардааст, рад кард. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳор дошт, ки Эрон худаш мустақилона метавонад мушак тавлид кунад ва ба фановарии хориҷӣ ниёз надорад. Вай дар вокуниш ба гузориши Шӯрои Амнияти СММ ин нуктаро изҳор доштааст. Дар гузориши СММ омадааст, ки баъзе фановариҳои муттааллиқ ба мушаки болдор аз Кореяи Шимолӣ ба Эрон интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG