Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико 6 покистониро ба терроризм айбдор кардааст


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида 6 амрикоии покистониаслро бо иттиҳоми кӯмак ба Толибони Покистон айбдор кардаанд. Вазорати адлияи Амрико мегӯяд, онҳо ба мадади модӣ ба Толибон, тарҳрезии куштор ва одамрабоӣ муттаҳам мешаванд. Се айбдоршаванда, аз ҷумла як имоми масҷид дар Флорида боздошт шуда, се муттаҳами дигар дар Покистон зиндагӣ мекунанд. Иёлоти Муттаҳида Толибони Покистонро расман созмони террористӣ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG