Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Ҳуснӣ Муборак боздошт мешавад


Ба гузориши МЕНА, хабаргузории расмии Миср, мақомоти интизомӣ амр додаанд, то Сӯзон Муборак, ҳамсари Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, боздошт шавад. Рӯзе пештар, ҳукумати Миср гуфт, Муборак ва ҳамсарашро дар иртибот бо иттиҳомоти ҷамъоварии ғайриқонунии сарвати зиёд бозпурсӣ кардаанд. Додситонҳои Миср амр додаанд, Сӯзон Муборак барои 15 рӯз то замони тафтиши иддаъоҳо дастгир шавад. Ҳуснӣ Мубораки 82-сола, ки дар бемористоне дар шаҳри Шарм-ул-Шайх қарор дорад, борҳо бозпурсӣ кардаанд, вале ҳамсараш барои бори аввал бозпурсӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG