Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Блейк: "Дар Осиёи Марказӣ ҳодисаҳои Мисру Тунис такрор нахоҳанд шуд"


Як мақоми баландпояи Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки хусусиятҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ намегузоранд, ки дар қаламрави ин кишварҳо ҳаводиси ҳамсони “Баҳори араб” рӯй диҳанд.

Зимни суханрониаш дар баробари Комиссиюни амрикоии Ҳелсинки дар Вашингтон Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиё гуфт, ки як сабаби ин дар мизони камтари бекорӣ дар миёни мардуми Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо Миср ва Тунис буда, сабаби дигар дар намоиши камтари анъанаҳои озоди демократӣ дар ин кишварҳо назар ба Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна мебошад.

Сабаби дигар дар набуди оппозитсияи қобили мулоҳиза дар бахши аксари ин минтақа мебошад, гуфт Блейк. Вай ҳамчунин ба масъалаи маҳдудиятҳои шадиди матбуот ва дастрасии камтар ба интернет таъкид кард. Блейк гуфт, ки намунаи Қирғизистон ва ташкили ҷумҳурии парлумонӣ дар ин кишвар, мояи хушбинӣ аст, ки ниҳоят ба ин минтақа ислоҳоти демократӣ хоҳанд омад.
XS
SM
MD
LG