Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони хориҷии Чину Афғонистон мулоқот карданд


Дирӯз Залмай Расул-вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар Пекин бо Янг Йечӣ-вазири корҳои хориҷии Чин масъалаҳои минтақаӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиро баррасӣ карданд. Мақомоти Чин изҳор доштаанд, ки онҳо аз густариши муносиботи миёни Афғонистону Покистон ва аз талошҳои ҳукумати Афғонистон дар музокироти сулҳ ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Ҳорун Наҷампур-муовини сафири Афғонистон дар Чин ба радиои Озодӣ гуфт, вазирони ҳар ду кишвар чанд масъала, аз ҷумла ҳузури бештари сиёсӣ ва иқтисодии Чин дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Афғонистон аз сармоягузории Чин ҳимоят кардааст ва хостааст, ширкатҳои чиноӣ ба таври мустақим барномаҳои сармоягузории худро пиёда кунанд.
XS
SM
MD
LG