Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико ба даст афтод


Мирзоҷон Мирзоматов-шаҳрванди 26 солаи Тоҷикистон ба зане дар Амрико тақрибан 10 000 доллар пардохт кардааст, то ба ақди никоҳи дуруғини вай дарояд ва соҳиби Гринкарди Амрико шавад. Дар ин бора як мақоми хадамоти муҳоҷирати федеролии Амрико ба матбуот хабар додааст. Зан эътироф кардааст, ки никоҳи дуруғини онҳо 20-ӯми июли соли 2009 сурат гирифтааст. Баъд аз он Мирзоматов он гуна рафтор кардааст, ки гӯё ин арӯсӣ қонунист ва вай ба таҳияи аснод барои дарёфти Гринкард шурӯъ кардааст. Агар ин шаҳрванди Тоҷикистон гунаҳгор шинохта шавад, ба вай 10 соли зиндон ё 500 000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG