Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Нахуствазири Юнон Георгиос Папандреу иттилоъ дар бораи омодагии кишвараш барои хуруҷ аз минтақаи евроро ҳамчун «дасиса» арзёбӣ намуд. Баъд аз нашри ин иттилоъ дар маҷаллаи олмонии Der Spiegel қурби евро дар баробари доллари амрикоӣ тақриабн як дар сад пойин рафт.

Иттиҳодияи Аврупо ва вазорати молияи Юнон овозаҳо дар бораи аз минтақаи евро хориҷ шудани кишварро ҳанӯз рӯзи ҷумъа дар карда буданд ва аммо сафари ғайримунтазираи вазири молияи Юнон Георгиос Папаконстантину ба нишасти вазирони хориҷии кишварҳои асосии «минтақаи евро» сару садоҳои навро эҷод кард.

Ин нишаст шоми ҷумъа дар Люксембург баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG