Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот бар зидди вазири маорифи Озарбойҷон дар Боку


Дар Боку-пойтахти Озарбойҷон полис тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди манъи рӯсарӣ ё ҳиҷобро пароканда кард. Дар Озарбойҷон пӯшидани рӯсарӣ дар мактабҳо барои духтарон мамнӯъ эълон шудааст. Гурӯҳи чандсаднафарӣ дар назди вазорати маорифи ин кишвар гирди ҳам омаданд ва истеъфои Мисир Мардонов-вазири маорифи Озарбойҷонро тақозо карданд. Наворҳо аз маҳали тазоҳурот нишон медиҳад, ки кормандони полис иҷборан эътирозкунандагонро ба мошинҳо бор мекунанд. Манъи русарӣ ё ҳиҷоб дар Озарбойҷон эътирози баъзе аз қишрҳои ҷомеаро ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG