Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои шабакаи қочоқбарони моли Чин дар Қазоқистон


Полиси Қазоқистон мегӯяд, як амалиёти қочоқбаронро, ки мехостанд, аз Чин ба маблағи 130 миллион доллар моли қочоқӣ ворид кунанд, хунсо кардааст. Сухангӯи бунгоҳи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон, Мурод Ҷуманбой гуфт, ин шабака зиёда аз 100 узв дошта, панҷ сол ба ин сӯ бо қочоқи мол аз Чин машғул будааст. Вай афзуд, дастури ҳабси 16 нафар ба имзо расид, ки раиси гузаргоҳи гумрукии Хоргос ва ноиби сардори хадамоти амнияти ин минтақа аз ҷумлаи онҳоянд.
XS
SM
MD
LG