Пайвандҳои дастрасӣ

Кучма мавриди бозпурсӣ дар Додситонии кулл қарор гирифт


Раисиҷумҳури собиқи Украина Леонид Кучма, ки дар ҳамдастӣ бо қотилони хабарнигор Георгий Гонгадзе гумонбар мешавад, имрӯз дар Додситонии кулли кишвар ҳозир шуд.

Пеш аз пурсуҷӯи муфаттишон, Кучма изҳор намуд, ки барои исбот намудани бегуноҳии худ "омода аст ҳама азияти ҷаҳаннамро паси сар кунад".

Ва аммо ӯ аз мулоқоти рӯбарӯ бо собиқ афсари Хадамоти муҳофизати давлатӣ Николай Мелниченко сарпечӣ намуд. Қаблан Мелниченко сабти садоеро пахш карда буд, ки он гӯё даст доштани раисиҷумҳури пешин дар куштори Гонгадзеро исбот мекунад.

Хабарнигор Георгий Гонгадзе тирамоҳи соли 2000 дар Киев кушта шуда буд. Қотилони ӯ – се корманди милиса чанд сол қабл ба мӯҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG